Эҳдо ба писаръамма,ҳамкурс,дуст ва бародар Тоҷиддин. Худованд баракоти зиндагиро насибаш гардонаду дар зиндаги муваффақ.
Ба ҳаққи он ҳамма номҳои зебо,
Ба ин дӯстам кӯшоишҳо бифармо.
Ғаму ғусса бигардон аз дилаш дур,
Фараҳ ор бар дилаш, дор кисааш пур.
Бирез борони раҳматро барояш,
Мақоме деҳ, ба боло худ ту ҷояш.
Бидораш рост дар роҳи ҳақиқат,
Худоҷонам раҳояш кун зи риққат.
Бигардонаш ғани аз моли дунё,
Макони хубе ҳам дар дори уқбо.
Ба фарзандон бидеҳ ризқи кушода,
Баранд моли ҳалолро истифода.
Бидеҳ бахти сафеду хонаи пок,
Ба Вайсиддин Худоё деҳ идрок.
Бигардон Яъқубаш мири замона,
Ки дар дили падар ормон намона.
Зи таҳти дил хостам ман бароят.
Ба некиҳош Худо диҳад сазоят.
Худованд аз некиҳои хостаам зи ҳамин дуъо ва
ҳамин шеъргуна беҳтаринҳояшро бароят насиба гардонад.
Ҷумъа Муборак!
Ба ҳаққи он ҳамма номҳои зебо Тоҷиддин
Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022
Poet's note: This poem is for my nephew
(1)
Poem topics: , Print This Poem , Rhyme Scheme
About Ба ҳаққи он ҳамма номҳои зебо Тоҷиддин
Ба ҳаққи он ҳамма номҳои зебо Тоҷиддин is a poem by Akbarjon Bulbulov. This page includes the poem text, poet information, related topics, comments, and similar poems.
Write your comment about Ба ҳаққи он ҳамма номҳои зебо Тоҷиддин poem by Akbarjon Bulbulov
Best Poems of Akbarjon Bulbulov
