Ба ҳаққи он ҳамма номҳои зебо Тоҷиддин

Эҳдо ба писаръамма,ҳамкурс,дуст ва бародар Тоҷиддин. Худованд баракоти зиндагиро насибаш гардонаду дар зиндаги муваффақ.

Ба ҳаққи он ҳамма номҳои зебо,
Ба ин дӯстам кӯшоишҳо бифармо.
Ғаму ғусса бигардон аз дилаш дур,
Фараҳ ор бар дилаш, дор кисааш пур.
Бирез борони раҳматро барояш,
Мақоме деҳ, ба боло худ ту ҷояш.
Бидораш рост дар роҳи ҳақиқат,
Худоҷонам раҳояш кун зи риққат.
Бигардонаш ғани аз моли дунё,
Макони хубе ҳам дар дори уқбо.
Ба фарзандон бидеҳ ризқи кушода,
Баранд моли ҳалолро истифода.
Бидеҳ бахти сафеду хонаи пок,
Ба Вайсиддин Худоё деҳ идрок.
Бигардон Яъқубаш мири замона,
Ки дар дили падар ормон намона.
Зи таҳти дил хостам ман бароят.
Ба некиҳош Худо диҳад сазоят.

Худованд аз некиҳои хостаам зи ҳамин дуъо ва
ҳамин шеъргуна беҳтаринҳояшро бароят насиба гардонад.
Ҷумъа Муборак!

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: This poem is for my nephew
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.