Зодрӯз муборак!
Менависам инро барои беҳтарин хоҳари дунё, хоҳаре ки меҳрубониҳояш беҳад ва беандоза аст. Агар касе гӯяд ки хотираҳои кудакиятро рӯйи осмони шаб бикаш, бешак хоҳаронам ҷои ситораҳои дурахшони он осмони кашидаамро пур мекунанд ва Зулайхо як ситораи дурахшонтарашро, медонед барои чи? Барои онки ӯ хоҳари кенҷаги ҳаст, бо ӯ бисёртар бози кардаем, меҳрубониш кардаем, навозишаш кардаем.
Ҳамма он акаву аппаҳот онқадаре ки туро дуст медоштанд дар кудакиат ва медоранд ба дигарон насиб набуд, охир дар вақти кӯдакии мо онҳо худ хурд буданд.
Фарзанди кенҷа буданам, чи хел хуб ҳаст ҳа?
Он қадре ки туро модару падар дуст медоштанд намешавад тасвир кард, ва ту шоиста ҳам буди. Дар доногии беҳамто, дар кори хона кам кам гурезпо(( тоату ибодат дар вақтташу ҷобаҷо.
Раҳматии очам туро беҳад дуст медошт, ёдат ҳаст охирон бор кӯрпачаҳои қурогашро ки бо сад азобу вале бо дили пур аз меҳр барот дӯхта буд худаш ба хонаат овард ва охирон орзуву умедашро иҷро кард.
Ҳасти ту нишон зи модари ҷон,
Таскини дилам, тӯ-и хоҳарҷон.
Медонед Хоҳар дорандаи нигоҳи зебо, хуби ва меҳрубонист.
Агар тамоми дунё душманат бошаду ва дар роҳи нодуруст ҳам боши ин фақат хоҳар аст ки рафиқат мешаваду аз ту пуштибони мекунад.
Хоҳарони азиз ва умуман ҷинси зан як фариштаи зебое ҳастанд ки вазифааш овардани шодиву нишот ба зиндаги мардон аст.
Аз апаи азиз низ қадрдон бошем ки баъд аз сари модар Падари азизро нигоҳу бин мекунад, ва фақат ӯ метавонад на ману на касе дигаре.
Хоҳараки ҷон..
Осуда ва беғам бош номарде ки номашро бо хатҳои сиёҳ дар қалбат навишт, хору зор мемонад. Ба онгуна номардоне ки мушт ба сари муштипарҳо мебардоранд ва баъдан пушаймониашонро суде нест заррае фикр накун, қалбе ки шикаст, пора шуд ,маҳол аст ки барқарор шавад.
Медонед, фарзанди падар ва махсусан хоҳар як ҳадя барои қалб, як дуст барои рӯҳ, ва як фурсати тиллои барои зиндаги аст.
Хоҳар як дӯсти абади аст!!
Зодрӯз муборак ай хоҳари ҷон,
Акаат гӯяд аз мулки Судон.