Маънии дин чист, эй нури дида,
Роҳу равиш аст, фикру ақида.
Хоҳ роҳи ҳақ ҳаст ё роҳи ботил,
Гар ҳақро ёфти шуд имон комил.

Ба ақлат созгор ёфти чу динат,
Ҳамон бошад туро роҳи яқинат.
Агарчи роҳи каҷ рафтанд ниёгон.(зухруф 23)
Шумо ёбед ҳидоятро зи Куръон.

Башарро ихтиёр бар чанд дин ҳаст.
Суроғи роҳи ҳақ бар мо муҳим ҳаст.
Башар кардааст ворид расму оин
Мисолаш он маҷус ё будди заррин.
Парастад он яке нори маҷусӣ,
Дигар аз чубу санг бути арӯсӣ.
Хилофи ақли худ донем онро,
В-аз инру ботилаш хондем онро.(Соффот 95)
Ҷавоб дод будпарастонро дини ман,
Шуморо динатон бар ман дини ман.(Кофирун ояти 6)

Кунун созам баён, роҳи дини ҳақ,
Қабул дори варо, пайвасти бар Ҳақ.
Агар дори ту бовар бар Худованд.
Ҳамин аст дини ҳақ инро ту бипсанд.
Мапиндор душмани худ дини ислом,
Ки одамрост зин дин наздаш икром.
Надорад зоти пок мақбули даргоҳ,
Ба ҷуз ислом дигар динро, Ӯ ҳеҷгоҳ.
Ба куръон омада дар Оли Имрон (ояи 19)
Ки назди Ӯ, қабул ҳаст дини ислом.