Вурудиҳои молии ҳаётат,
Ҳама дороиву айшу нишотат.
Бувад дохил зери чанд калима,
Баракат , ризқу неъмат дар бисотат.
Ҳар он чи мол дори ҳаст неъмат,
Чу харҷаш роҳи ҳақ буд шуд барaкат.
Ҳамма он моли хона бурдаатро,
Бигуянд ризқ ҳисси хурдаатро.
Ба баъзе неъматаш бошад фаровон,
Вале ризқаш мисоли марди чӯпон.
Хурокаш об бошад нонаке хушк,
Вале сар дар пари қу дар таги кушк.
Гурӯҳе ризқашон ҳаст бекарона,
Надоранд баркате , онҳо ба хона.
Ҳама фарзандҳо аз роҳ бероҳ,
Зи гумроҳист онҳоро нишона.
Чу Неъмат гашт зиёда шуд такосур,
Хуруҷаш кун, чу кавсар чашма шуд пур.
Маяндуз хонаат ворид чи шуда,
Биёяндуз масрафаш баҳри чи буда.
Накӯкор бош, дари хайрат биафзо.
Худовандат диҳад, баркат ҳамонҷо.