Бародарам Зокир, тасаллияти маро қабул фармо, медонам аз даст додани фарзанд кори саҳлу осоне нест локин чи илоҷ , "Инно Лиллоҳи ва Инно илайҳи роҷиъун" ҳар як нафс чашандаи марг аст, яке барвақт яке дер ба У Аллоҳи якто мепайвандем.

Чашм мегиряд ва қалб месузад..
Аз он рузе ки Шаҳромро гум карди чашмат хоби ба роҳат ва қалбат оромиро надида буд, ва аз ҳамма бисёр ту ва модараш месухтед, он ҳамма ғам, мусибат , раҳму шафқат ки дар дили падару модар ҷуш мезанад дар дили касе нест ва фақат ин шумоед ки месӯзад дар ғамаш то охир. Худоро шукр гӯед, ки дуоятон қабул шуд, ҷасадашро ёфтед вагарна кам нестанд фарзандгумкардаҳо ё шахсоне фарзандонашонро об бурдаасту ҷасадашонро наётаанд.
Мегӯянд Худованд дод давлат аст надод ҳикмат, давлат зоҳир аст мебини, ҳикмат ниҳон дар назди парвардигор ва ӯ Аллоҳтаъоло худаш медонад.
Дар бораи Шаҳром бисёр гапҳое шунидам, ки чихел писари хоксор, дилсоф ва диндор будааст. Ба ун сину соле ки ӯ дошт ҳаммаги 12- 13 сол аллакай Худодусту Худошинос будааст. Ҳатто рӯзи сафараш, рузи охирон дидораш, рузи ғарқаш рӯзи маргаш рӯзадор будааст. Рузҳои охири ҳаётро ҳам бо нияти хайру садақа аз падару модар хоҳиш кардааст, ки фитри рӯзааш ё фитри рӯзаи хонадонашонро худди ӯ Шаҳром бурда ба касе диҳад ки дар назари ӯ ба ҳамон садақот ниёз дорад.
Фарзанди нек боғи падар...
Албатта Шаҳром дар охират дар рӯзи суолу ҷавоб дастгиратон мешавад, мегӯяд ки Худоё дар дунё аз падару модарам сер накардам онҳоро бо ман дар биҳиштат қарор деҳ, ва Худои бахшандаи меҳрубон ҳам хоҳиши ӯро амали мекунад.

Шаҳром , ту буди баччаи дӯстдораки ота.
Богбону нигаҳбони ҳамин хонаву ҳота.
Як рӯз ба шино рафтиву пинҳон кади ҷота,
Бо оби рӯди панҷ бишӯстӣ сару пота,
То пок рави назди Худо ай ҷони ота.

Аз рафтани ту хешу табор хуни ҷигар шуд.
Фикри падарат нисбати ин даҳр дигар шуд.
Он модари мушти пари ту хокбасар шуд.
Ду акаву ду хоҳаратро , дидаҳо тар шуд.
Аз гиряи бисёр, бибиро кам нури басар шуд.

Кофтанд ҳамон ҷӯй , ки мавҷаш туро бурд,
Ҳар сол сари чанд нафаре ҳамчу ту мехурд.
Об хушк намуда, биҷустанд туро ҳафт рӯз,
Мардуми ҳамма деҳот, ҳам ёрони дилсӯз.
Аз бухлу бахилию ҳасаду ун ҳама кина,
Якҷо шуда мардум, шуданд дӯсти дерина.
Як бори дигар ҷамъ ту карди ҳамма дӯстон,
То дар дили отат намонад, ҳеҷ дигар ормон.

Ҳоҷи зи Судон омад, бар фотиҳаи ту,
Ҳамроҳи зану фарзанд дар Ҷумъаи неку,
Эй кош Худо созад, дастгири падар модар
Ҳамроҳи ҳама авлод ҷон Шаҳроми неку.

Бори дигар аз даргоҳи Худованди якто дуо дорам ки гузаштаҳои моро ғариқи раҳмату шоистаи ҷаннат гардонад.

Акбарҷон Эмомалӣ
Аз Судон Ҷануби
29 июли 2022.