Ба рӯзгори қадим, бӯдаст марде,
Ки хидмат бар ҳамом-занҳо бикарде,
Тамизкори ҳамом, ҳам буди даллок
(Далок- масажист ё маҳсгари бадан)
Ба рӯяш мӯ надошт он марди бебок.
Ситоишнозуку , андом занона,
Гирифта коми дил бо ҳар баҳона.
Ҳамекард гоҳ гоҳ шаҳвапарасти,
Бикарди тавбаву, боз аҳд шикасти.
Вале дар ҷои кор буд ӯ сафокор,
Бирафт овозаи ӯ , то ба дарбор.
Ки даллокест дар ҳаммоми ин шаҳр,
Бувад малҳам ба ҷон аз кӯфти ин даҳр.
Расид чун қиссааш бар духтари шоҳ,
Равон шуд ӯ ҳамом дарҳол зи даргоҳ.
Бикард маҳси бадан чанде гирифт дам,
Қазоро гум бикард, шоҳдухтар хотам,
Ҳама бошед ҷӯё, хотамамро,
Варо бошад қиммат бар нисфи дунё.
Чу сар карданд, ҷустан ходимонаш.
Насуҳро дилтапиш бар раҳми ҷонаш.
Биҷустанд ҳар яке, аз сар то по,
Биёред хотами шоҳдухтари мо.
Насуҳ худро бикард дар ҷое пинҳон,
Насозанд сирри мардиаш намоён.
Ҳаме аз сидқи дил тавба ӯ мекард,
Ба даргоҳи Худош, гуфтугӯ мекард.
Кунун навбат расид бар марди даллок
Дуъояшро қабул кард Рабби афлок.
Насуҳро рангу рӯ буд арғувони
Яке ходим садо дод муждагонӣ
Ки хотам ёфт шуд аз фарши ҳаммом
Раҳо созед даллок, кор шуд итмом.
Дуъояш шуд қабул дар назди Аллоҳ,
Нашуд расвои дунё ҳам ва уқбоҳ.
Зи даллоки бирафт бо ин баҳона,
Бишуд ҷӯёи ъумри ъорифона.
Туро ҳам дуст агар бошад хатоят
Бикун тавба ба даргоҳи Худоят.
Агар аз сидқи дил тавба бисозӣ,
Ба умед бош Худо ҳаст аз ту розӣ.

Акбарҷон Эмомалӣ
Судон Ҷанубӣ.
1/08/22