Зодрӯзи Тағом

Зодрӯзи беҳтарин инсон, беҳтарин муаллим, беҳтарин тағо, беҳтарин падарро бароят табрик мегӯям Комилҷон.
Бо меҳнати ҳалолу, арақи ҷабин калон кардани фарзандону бо обру хонадор кардан, соҳиби обрӯ ва номи неки Муаллим дар ҷомеа доштан, аз ин дида дигар манзалати болое нест. Ҳамин 60 сол аст ки меҳнат мекунанд ва нони ҳалол мехӯранд.
Дар Москва якҷо кор мекардем, қариб як моҳ ,
аниқтараш маро тағоиям бурда буд,
вақте ки ҳамонҷо расидем, баъди хӯроки нисфирӯзӣ ба сайри деҳаи Жабкина баромадем ва маро нишон медоду шиносои бо аҳли деҳа, ҳамма русҳои таҳҷои, миллионерҳо ва олиму прафесорҳо, ҳар якеаш аз дидани тағоиям хурсанду моро добро пожаловат!- мегуфтанд. Аз ҳамунҷо фаҳмидам тағоиям беназари Худо нест.
Аз янгаи азизам ҳам қадру ёд кунем,чунки беҳтарин зан ва беҳтарин модарро дори Комилҷон, Худованд ҳаммавақт дуогуи мову шумо бошанд.
Ба тағоиям гуфтаниям ки;
Накутарин сарнавишт
Қасри зебо дар биҳишт
Пурнуртарини рӯзҳо
Солеҳтарин амалҳо
Холистарини ният
Мақбултарин ибодат,
Муқддар фармо барош.
Ай Худованди наққош.

Зодрӯзаш он Муборак!
Бо эҳтиром ҷияни роҳдурашон аз Судони Ҷанубӣ, Акбарҷони Эмомалӣ.
Табрикоти маро расон.