Дуъо
Дуъоро саҳл машморед ҳаргиз,
Ки дорад дар ҳаёт таъсири бисёр.
Раси бар тахти заррин аз дуъо ту,
Шави хоки замин, бесарпаноҳ ту.
Дуъо ҳаст худ ибодат вирд бинмо,
Бикун дархости худ аз Рабби якто.
Кунад маҳрум зи ризқат гоҳ-гоҳе,
Сабаб бошад варо ҷурму гуноҳе.
Зи некиҳот биафзуд умр довар,
Дуъо бошад ба тақдири ту коргар.
Чу қалбат ғофилу дар ғайр машғул,
Яқин дон ки дуъоят нест мақбул.
Шавад чун истиҷобат гар дуъоҳот,
Кунад У рафъ тамоми мушкилиҳот.
Расулуллоҳ бифармуд бар ту иршод,
Дуъо кун бо ибодат дил бидор шод,
Бихоҳед фазл, аз Аллоҳтаъоло,
Бидорад дуст дуъоят, рабби якто.
Бихонед бо дуъоҳотон Худоро,
Яқин донед ки гардонад балоро.
Бидор ту итминон бар тоъати хеш,
Ҳалиму хоксор бош ҳамчу дарвеш.
Макун асло дуъоро ту фаромӯш
Накӯи хоҳ зи Аллоҳ дор дар ҳуш.
Худоё, роҳ ҳаст хело тулони,
Зи пасту ҳам баландиҳо нишони.
Худоё тӯша лозим ҳаст дар ин роҳ
Бидеҳ тавфиқи туша эй дилогоҳ.
Зи тақво нест беҳтар тӯша бар мо,
Худоё тӯшаи тақвом бифармо.
Агар бошад салҳои дину дунё,
Ҳамон неки баром арзон бифармо.
Насиб гардон Худоё илми динӣ,
Нигаҳ дор аз балоҳои замини.
Худоё хайр гардон охири кор,
Зи офатҳо ту худ моро нигаҳ дор.

Акбарҷони Эмомалӣ
Судони Ҷанубӣ
04 апрели 2022.