Ба бегона наёбад қалбат ором,
Ба назди завҷаат гирад дил ором.
Зи бегона намуди гар нигоҳ дур.
Биёби дар биҳишт он ёри мастур.
Ту баргардон нигоҳат сӯи Аллоҳ.
Ба изни Ӯ, ту ёби ёри дилхоҳ.
Надорад арзише симои он зан
Ба ъақдат гар набошад эй таҳамтан.
Чаро сӯзи ту худ дар оташи нор,
Ба ъайши лаҳзаина худ макун хор.
Нигоҳатро ғараз гар кори бад ҳаст,
Яқин дон ки азобат то абад ҳаст.
Касе кунад ба ғайри ъақд бозӣ,
Уро ҳаргиз набошад сарфарозӣ.
Ба пири чун биафтад аз ду пояш.
Пушаймон ӯ шавад аз кардаҳояш,
Касе дидаст , оё шахси бероҳ?
Барафрухт обуруяшро аз ин роҳ?!
Надорад хонааш файзу баракот.
Намояд мисли як девонаи ҳот
Ғаму ғусса барояш ёр доим
Парешонҳолу дил- афгор доим.
Бигиряд зор зор аз кардаҳояш,
Барои он ҳама ҷабру ҷафояш.
Бигӯяд худ ба худ эй кош асло,
Наменҳодам ба роҳи каҷ ман по.
Кунад тавба, чу раҳмаш хурд Аллоҳ,
Вагарна мемирад, бари руй сиёҳ.
Ту худро гир канор, аз кори бероҳ
Худовандат диҳад, ҳар ончи мехоҳ.
Барои шахсони бероҳа
Akbarjon Bulbulov
Poet's note: Акбарҷони Эмомалӣ
Судони Ҷанубӣ
ш.Ҷуба
28 Январи 2022
For misguided people
(1)
Poem topics: , Print This Poem , Rhyme Scheme
Submit Spanish Translation
Submit German Translation
Submit French Translation
Write your comment about Барои шахсони бероҳа poem by Akbarjon Bulbulov
Best Poems of Akbarjon Bulbulov