Кунам қисса зи ҳақққи мард бар зан
З-аҳодису зи Мардони таҳамтан.
Бувад бисёр хаққи мард бар зан,
Бишин ҷое, фаро деҳ гӯш бар ман.
Ривоят ҳаст зи Муслиму Бухорӣ
Агар анҷом диҳи расти зи хорӣ.
Ривоёти дигар аз ибни Моҷаҳ
Бароят мекунм эй ёри хоҷа.
Зани беҳтар ҳамон бошад ки гоҳе
Кунад хушҳол мардаш бо нигоҳе.
Чу зан гирад, зи номаҳрам канора,
Шумора карда хушнуд ҳам Худора.
Намо ҳифз, обуруи шавҳари хеш,
Наафти то ба дузах ҳамчу бадкеш.
Ба марди худ, бикун худро ту зебо,
Ҳаёт зин ҳаст, ширину гуворо.
Бидор чеҳра кушода бо таббассум,
Каз ин феълат дили мардат занад гум.
Ба рафторат макун шавҳар ту гамгин,
Ки бешак , бешу кам кости дар ин дин.
Ҳадис ҳаст аз расули поки Аллоҳ
Надори ҳак, ту харҷи моли дилхоҳ,
Зи моли шахсии худ ҳам, он зан
Надорад ҳак, зон мол ҳам кунад кам.
Набошад рузаи нофила мақбул,
Агар мардат набошад розии кул.
Набошад мард рози гар зи молаш,
Надорад зан зу мол ҳак бар ҳалолаш.
Намуди эҳтиром бар волидонаш,
Макони туст биҳишти ҷовидонаш
Зи фарзандон макун гила ту пешаш,
Дуои бад макун бар қалби решаш.
Шавад нороҳат аз дашноми ту у,
Дилаш монад зи ту эй ёри бадху.
Бигуянд он Ҳу́рон бо синаи чок,
Ҳалок созад туро он Аллоҳи пок.
Саҳеҳи Тирмизи инро баён кард,
Набояд мардро ғамгини ом кард.
Макун асрори фаҳши хешро фош,
Канор аз кори шайтон гиру хуш бош.
Макун дур аз машом буи биҳиштро!
Агар хости талок, он кори зиштро.
Ба беҳуда талок гар ту бихоҳи.
Ба Рузи ҳашр дон ки русиёҳӣ.
Биҳишт хоҳи ту гар аз ҳар куҷояш,
Кӯшиш бинмой дарёби ризояш.

Акбарчони Эмомали
Судони Ҷанубӣ
07 Январи 2022