Зодрӯз муборак, Акобириҷон

Зодрӯз муборак, Акобири ҷон,
Гӯямат табрик аз мулки Судон.
Бидоор хушбахт, ӯро Худоҷон
Бар мақсадҳояш , ӯро бирасон.

Корҳои хона бар зиммаи ӯст,
Замини ҳота кардааст ӯ суст.
Дар хона ӯро ҳамма доранд дӯст,
Ҳисора ӯро хоҳари накӯст,
Дирӯз ба ман гуфт Ҳисораи дилсуз
Ангурро хомток кардааст нодуруст.
Ҳамма навдаҳо канда партофтаст,
Корро нимкола монда ӯ рафтаст.
Агар чи ӯ ҳаст акаи калон.
Баҳри Ҳисора як хӯшаи дон.
Дар асл ҳастанд ҳарду хеле дӯст,
Фарзанди падар ваҳ чи хел накӯст.
Дилсӯзи ӯ ҳаст Моҳираи ҷон,
Баҳри ӯ бошад охир апаҷон,
Гоҳ гоҳ медиҳанд онҳо туро ғам.
Дарсҳот таёр кун набоши сархам.

Акнун модарат, дилу ҷигарат,
Дар зиндагиат ҳаст ӯ ёварат,
Як бача гуфта бошад дар барат,
Ҳушу хаёлаш дар ҳар сафарат.
Дуогуи туст дар бому дарат.

Акобири мо, Худо калон кун,
Бар Ватани худ, хизматрасон кун.

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: About my son birthday
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.