Падар

Ду се руз пеш падарам зодрӯз дошт ва як чанд шере барош навиштам ва хостам ба шумо ҳам равон кунам, агар ҷоеш барои ислоҳ буд миннатдор мешудам.

Падар ҳаст раҳнамо дар роҳи ростам,
Шудам соҳиб, чу дил хост, ҳарчи хостам.
Ту боши дар барам, ҳаёт дигар ҳаст.
Дуои ту падар манро сипар ҳаст.

Падар ҳаст такягоҳ аз баҳри фарзанд.
Бубахшад ҳастияшро бар ҷигарбанд.
Макони беҳтарине аз биҳишташ,
Таманно мекунам ман ҳамчу фарзанд

Тамманот мекунам дар рӯзи мавлуд,
Тамоми мушкилиҳот гарда нобуд.

Накутарин сарнавишт
Қасри зебо дар биҳишт
Пурнуртарини рӯзҳо
Солеҳтарин амалҳо
Холистарини ният
Мақбултарин ибодат,
Муқддар фармо барош.
Ай Худованди наққош.
Ҳамроҳи модари нав,
Зиндаги гардид оғоз,
Худо фарзанди солеҳ
Насиб гардонадат боз.
Зани хеле меҳрубон
Худо насибат гардонд,
Номи бонут Гулистон
Баҳри мо шуд апаҷон.

Ҳамеша марҳами дили ман, дар ин ғурбати Судон,
Нигоҳи меҳрубону садои дилнишини, туст Падарҷон.

Акбарҷони Эмомали
Судон
25 Феврали 2022

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: This poem is about my father birthday
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.