Моҳира зодрӯз муборак!

Моҳира зодрӯз муборак!

Имрӯз дорад, Моҳира зодрӯз,
Табрикат гӯянд, дӯстон дар ин рӯз.
Бахти сафедаш , ато кун Аллоҳ,
Боиффаташ дор, худат дар ин роҳ.

Дилсӯзи модар ҳасти ту доим,
Дар хизматаш ту ҳасти ту қоим.
Сару пои ӯ , бимоли доим,
Ғаматро ҳаргиз набинем илоҳим.

Ҳар бегоҳ ҳастам занги ту пазмон,
Аҳволпурситон ҳаст баҳрам дармон,
Мусофиронро Худо баргардон,
Бо киссаи пур пеши фарзандон.

Ҳавост имшаб ситораборон,
Бобову момаш шуданд меҳмон,
Аз баракоти , дуоҳояшон,
Моҳираҷонро бар 100 бирасон.
Зодрӯз муборак Моҳираи ҷон,
Падарат гӯяд аз мулки Судон.

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: My daughter birthday
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.