моҳи мубораки Рамазон

Чун моҳи мубораки Рамазон аст аз як дуъо ё зикре ки гоҳ гоҳ мешунавем ва мегӯем баротон қисса кунам.
Ҳазорон бор Худовандро шукр мегӯям, ки ҳастамон кард ва аз неъматҳояш баҳрамандем. Неъматҳои Худованд бекаронаанд, Гӯши шунаво, чашми бино ва забони гуё аз неъматҳои ҳаётан муҳимеанд барои зиндагии одами. Аз бобои азизам бобои мулло Булбул, Худованд раҳмату мағфираташ кунад шунавида будам, ки ҳадисеро аз пайгамбарамон Муҳаммад с.а.в аз китоби дар даст будаашон хонданд, ки ҳар касе зикр кунад "Ло ҳавла вало қуввата илоҳу биллоҳ"-ро Худованд дар биҳишт барояш ганҷҳое ато мекунад. Чун он вақтҳо хурд будем аҳамият намедодем ё маънояш баромон нофаҳмо буд.
Гоҳ-гоҳе бо қасд ё бидуни қасд ҳангоме ки нороҳат мешавем ё як иттифоқе меафтад ба ягон кори нороҳаткунанда ва ғайри одди рӯ ба рӯ мешудем, аз ҳамин калимот ҳаммаги истифода мебурдем.
Як рӯз ба падарам гуфтам, падарҷон чаро ҳамма тоату ибодат мекунему ба маъниаш сарфаҳм намеравем. Ҳамма дуову зикрҳо мекунем бо забони араби вале барояммон мушкил ҳаст фаҳмидан.
Гуфт; бачаҷон, акнун ки синат ба ҷое ҳам расид, як фикр кун охир, ин Дуо аст ибодат аст, ту бо Худоят роз мегӯи, намешавад ки инро ба калимаҳои соддаи ман калон мешавам, ё инки алифбоҷон алифбо баён кард, дар дуо бо сидқу сафо бояд буд, бо ихлос ва бо меҳру муҳаббат ва боадабона аз даргоҳаш талаб намуд.
Хайр биё як мисол аз худату бигирем, синнат аз 40 боло ҳам шуд.
Як бор аз худат пурсиди, ки агар дуоеро, ё намоз хондиву маъниашро нафаҳмиди чанд китоб ҷусти ё аз кадом олиме пурсиди ки бароят дуои хондаатро шарҳ диҳад. Ҳар сол чанд китоб ҳам мехони , ки нутқам бурро шавад,ҷаҳонбиниам васеъ, оё боре, соате, вақти худро дар омухти дуо ё маъни ва тарҷумаи зикре сарф намудаи, оё боре калимаи нофаҳмоеро аз дуо дар ҳамон телефони дастиат ҷустуҷу ва тарҷума кардаи?
На!
Як рӯз хонаат рафтам, фарзандонат ҳамма машғули дарс тайёр куни буданд, гуфтам чи мехонед?
Гуфтанд; забони англисӣ бобоҷон.
Гуфтам: кани биёред як бинам дафтарҳотона.
Як нигоҳ кардам, аз англиси ку ман чизе намедонам локин тарҷумаи чанд калимаро ки бо тоҷики навишта шуда буд хондам, қариб ҳамааш ҳаммаъно.
Гуфтам; калимаҳо қариб ҳамааш ҳаммаъно?
Гуфтанд: бобоҷон дар забони англиси ҳамин хел, вақте як калимаро меомӯзем, ҳамроҳш як ду калимаи ҳаммаъно ё синонимашро ҳам меомӯзем.
Гуфтам: чаро?
Гуфтанд ки муаллими забони англиси мегӯяд, ки ин забони модарии мо нест агар мо бо ҳамроҳии ҳар як калима чанд синонимашро аз ёд накунем, бароямон пагоҳ мушкил мешавад дар ҷумлабанди ё истифодаи ҳамон калима.
Акнун ту бигӯ барои дуо ва калимаи нофаҳмидаат чанд синоним кофти?
Дар ҳамин вақт буд ки писарам омаду фарҳанг ё луғати забони руси бо тоҷикиро аз ҷевони китобҳо гирифт.
Пурсидам чи кораш мекуни? аз дарси забони руси як ду калимаро нафаҳмидам ҳамун калимаҳоро кобам гуфту китобро гирифта рафт.
"Ло ҳавла вало қуввата илоҳу биллоҳ" гуфт падарам.
Диди, писарат синфи шаш, барои нафаҳмидани чанд калимаи руси луғат мекобад, мову ту чи.
Гуфтам фаҳмидам Отаҷон бо каме табассум, айб аз худи мост, ки намеомӯзем ва ҷустуҷӯ намекунем, ва боз ҳисси кунҷковиам боло гирифту пурсидамаш, хайр мисол ҳамин "Лоҳавло вало Қуввата иллоҳу биллоҳ" ки ҳоло гуфтед чи маъно дорад?
Гуфт: "Нест тавоноие ва нест қудрате магар ба ёрии Худованд" локин ба ин тамом намешавад. Дар зери ин ҷумла дуо бисёр чизе нуҳуфтааст. Ва аз таърихи ин дуъо гуфтанд ки вақте расули Худо (с.) ба меъроҷ сафар карданд аз Худованд хост , ки ба дигар пайғамбарон фазилатҳое каромот намуди барои ман низ ягон каромоте арзони дор. Дар ҷавоб Худованд гуфт ки барои ту ду калимаеро арзони доштам ки дар зери ъарш навишта шудааст ки якеаш ҳамин "Ло. Ҳавла вало қуввата иллоҳу биллоҳ"аст. Вақте ки банда ҳамин калимаро мегуфтааст, Худованд ба малоикаҳо мефармудааст ки бандаи ман таслим аст, пас уро кумак кунед ва ӯро дарёбед ва ҳоҷаташро бароварда созед.
Ҳамин дуоро медонед ман дар кадом вақтҳо шунавидам, дар зикри калонсолон, ё вақте ба ягон бадахлоқ рӯ ба рӯ мешави аз ҷумлаи масте ки худро контрол карда наметавонад, зан ё марде ки либосҳои фаҳш ва ба корҳои фаҳш даст мезананд, ё ба ягон олими дин саволи диҳанд ки аз диди ахлоқ ва дин берун бошад, ва ба зебогии чизе, ва ба доногии касе ва ба ҳамма он чизе ки фавқулода аст во мехури , махсусан одамони калонсол ва диндор аз ҳамин калма истифода мебаранд, яъне акнун фаҳмидам ки худро ба Худованд таслим мекардаанд ва аз Ӯ кӯмак мехостаанд" Мошоллох, Ло ҳавла вало қуввата иллоҳу биллоҳ"
Акнун кушидам маънии ҳамин дуоро дар ду се мисра шеър ҳам баён кунам;
Надорам қудрату қувват магар Ту,(ҷ)
Намоим раҳсипор бар суи неки.
Дилам хоҳад диҳам анҷоми коре,
Бидеҳ худ қувватам эй Қудратафзо.(ҷ)
Бувад марғубу ҳосилхез хокаш,
Ва ширину гуворост бар ту обаш.
Агар бошад туро вирд чанд калима
Биҳишти ъадн бар ту ҳаст ҷавобаш.
Бувад ганҷе зи ганҷҳои биҳишти,
Ба қалбат гар ту "Ло ҳавла" навишти,
Бикун аз зикри он сармояаат ҷамъ,
Ту сар зан даргаҳаш парвона чун шамъ.
Аз Худованди яктои меҳрубон шукронаи неъматҳои додаашро мекунам, ва хурсанд аз онам, ки агар аз маъни ва тарҷумаи ин дуо чизе ба худ гирифтед.
Моҳи шарифи Рамазон Муборак!
Акбарҷон.
Судони Ҷанубӣ.
Рамазони 2022.

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: This poem is about holy month of Ramadan
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.