Модарам дар хоб

Модарам дар хоб.
Модарам хануз якмох нашудааст Ки аз дунёи фони ба дунёи боки рехлат намуданд. Аз хамон рузи аввал дар хаккашон дуовуфотиха арзони медоштам ва давом хохам дод.
Чун дар оилаи рухони ба дунё омадам аз вакте Ки ёд дорам падари бузургвор дар хама кору бори зиндаги ,хушиву хурсанди , зикию мотам , тоату ибодати харруза ва хатто баъди хар хурокхури дар хакки гузаштахо дуову фотихаи хайр мекарданд ва адаб омух анд ки аз кудаки дар вучудамон накш баста ва ба ман хам одат шуда.
Одатан баъди хар намоз дар хакки модар падар ва Ахли оила чунин дуои нек мекунам.
Худоё тоату ибодати моро ба даргохат кабул бифармо, Худоё гузаштахо моро гарики рахмату шоистаи чаннаташон бигардон,
Худоё кабри модарро пурнуру равзае аз равзахои бихиш бигардони. Худоё ба падар сабри чамил ато гардони, Худоё падарро давлати Пири, имкони комил, вакти хуш сихату саломати ва дуогуи мо фарзандон бигардони. Худоё ба падар бахти наку ато бигардони. Парвардигоро дар хонадон хайру баракотро арзони бидори. Худоё ба фарзандон икболу обуру, кушоиши кор, бахти сафед хонаи обод насибу рузи бигардони. Худоё зиндониёни бегунохро рахо, ба беморон шифо ато фармои. Худоё Моро а
з васвасахои шайтони дар панохат нигох дори ва ба Рохи рости ихдинассиротал мустаким хидоят фармои. Худоё дар дунё ва охират некиро баромон арзони бидори ва аз оташи дузах начотамон дех. Худоё чунон кун ки охири кор. Ту хушнуд бошиву мо растагор.
Омин Аллоху Акбар. Ва чанд дуои дигаре бо забони Араби.

Албатта мушкил аст барои хар як ша́хс дар баробари аз даст додани модари худ дигар занеро дар канори падар дидан.
Вале чи илоч "Инно Лиллохи ва Инна илайхи рочиъун" хар як нафс чаша́ндаи марг аст. Марг чавониву пири надорад.
Хаёт идома дорад.
Меоем ба ха́мон кисмати Дуо ки Худоё ба падар бахти наку ато кун. Чун Як хафта охир хамин як хатро ба дуо зам намудам, шабе модарам ба хобам даромад. Хамаги Се чумла гуфтам;
Гуфт бачачон чи кор дори!
отата гам нате бача́м!
мон худаш медонад!
Намедонам аз чи бошад, мумкин барвакт бошад , охир холо 40 руз хам нашудааст, ё рашки модар бошад!
Онхо я́ъне падару модарам 46 Сол чунон хаётро сипари кардаанд Ки то хол хама хешу табор, ёру хамсоя аз хаёти онхо рашк мебурданд. Рахматии модарам ончунон падарамро эхтиром мекард ки ман васфашро наметавонам кунам. Ман ягон маротиба дар тули хаётам гап гардони, бадбини ,чангу хархаша, беэхтиромии модарам нисбати падарамро надидаам. Факат хаминоро метавонам гуям ки агар хамма занхо шавхрхояшонро хамин хел эхтиром дошта бошад олам гулистон мешуд.

Акбарчони Эмомали
Судон

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: I saw my mother in a dream
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.