Модар

Модар...
Аз гузаштани модарам як сол пур шуд, то ҳол бовар надорам ки ӯ нест, фикр мекунам ки ӯ куҷое рафтааст, ё дар Кӯлоб , ё Фархор ё хонаи кадоме аз фарзандони падар ё куҷое меҳмони.
Беозортарин модари дунё, меҳрубонтарин модари дунё, дилсузтарин модари дунё, мегӯи воҳима кардам?
На,
охир ҳаминхел инсон буд, ҳамин хел зан буд, ҳаминхел модар буд. Падарам бениҳоят инсони зиндадил, шухтабиат , диндор ва ҷаҳондида аст, воҳима ҳам нашавад бештар аз нисфи ҳаёташро дар сафар гузарондааст, фарқ надорад ки сафарҳои берун аз давлат, агарчанде ки дар шаҳрҳои Русияву, Қозоқистон, Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ ҳам буд. Имрӯз дар Душанбе диди ки пагоҳ дар Кӯлоб рӯзи дигараш дар Қӯрғонтеппа рӯзи дигараш дар Рашту моҳи дигар Суғду ва гоҳ гоҳе ҳам дар Бадахшон.
Ва қариб дар ҳамаи ин сафарҳо модар ҳамроҳаш буд, ҳам нафасаш буд, ҳамрозаш буд. Рӯзе як дӯсти падарам нимшухиву нимҷидди гуфт ки чаро онҳо ин қадар бисёр мегарданд охир ҳар касро хонаву дари худаш , қарор шин якҷо, вале тавре ки ун дӯсташ фикр мекунад ун хел нест. Падарам ки соҳиби илми динни ки ҳаст ҳамаҷо даъваташ мекунанд, яке барои никоҳи туи фарзандон, яке барои маъракаҳои мотаму дигаре барои маъракаҳои хурсандии фарзандон ва калони авлод ҳам гӯем хато намекунам. Ва албатта дар ҳамма даъватҳояшон янгаи меҳрубонамонро, холаи азизамон , оилаатонро биёред гуфта мупурсанд , ҳамчун зани бобаракат, барои фарзандонамон, махсусан духтаронамон дуои хайр диҳад.
Раҳматии модарам бисёр дуову салавотҳое медонист, дуоҳои ширин дошт , ба кас ҳаловат мебахшид, касе агар якбор дуоҳояшро шунавида бошад, ҳатман чун бори дигар медиданаш ҳатман аз ӯ талаби дуо мекарданд.
Нигоҳи модарам пур аз меҳр буд, ҳаракту амалҳояш чун фаришта.
Оча ёдат кардам...
Мумкин ҳамин кори падарам кори хубе буд ки бад аз сари модар бемодариро ба ун дараҷае ки бояд бошад, ҳис накардем, гуфта будам ку доим дар сафару меҳмони буданд, Акаи калониам Усмон фикр дорад очам дар хонаи ман аст дар Душанбе, ман фикр дорам ки очам дар Кӯлоб, хоҳарон фикр доранд ки очам дар меҳмони ё дар сафаре ҳамроҳи падар.
Оё дидаи ки агар як меҳмони қадрдонат ба меҳмониат ояду каме нишаста аҳволпурсиат кунаду равад, баъд аз рафтанаш чи қадр хушҳол мешави, агар барояш хӯроку таом доди боз ҳам хурсандиро канор набуд, агар не вақташ кам буд дар дилат каме норасои буд ки кош вақт медошт як пиёла чой аш мекардам.
Очаам як умр барои ман мисли меҳмон буд ва ман барои ӯ , очаам мисли меҳмон омад ва мисли меҳмон рафт, меҳмони беозор, касеро ташвиш надод, меҳмони ки ҳамроҳи худаш баракати худашро дошт ва баъд аз рафтанаш баракаташ барои хонадон дуову фотиҳаи ӯ буд. Очаам мисли меҳмони саросема буд ,
вақт надошт ,
тез рафт ,
дар дилам монд охир, як пиёла чояш накардам, хидматаш накардам.
Руҳат шоду, хонаи охиратат обод Модарҷон.

Акбарҷони Эмомалӣ
Судон Ҷанубӣ
28/07/2022

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: This poem is about my mother after one year her died
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.