як дуо аз Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в)

Як шеъри нав дар заминаи таъриху пайдоиши як дуо аз Пайғамбарамон Муҳаммад (с.а.в)

Ҷувайра бинти Ҳорис мешиноси?
Яке аз завҷаҳои, ёри маҳбуб.(с.а.в)
Баромон карда қисса зикри кӯтоҳ,
Ту вирдаш кун зи аҷраш ҳаст, худ огоҳ.(ҷ.ҷ)
Акбарҷони Эмомалӣ

Шунидам қиссае аз марди диндор.
Зи рӯзгори ҳабиби некпиндор.
Яке субҳ, шуд бурун аз хона сарвар(с.а.в)
Аёлаш буд ба зикру ёди довар (ҷ.ҷ)
Чу баргашт он Ҳабиб бар хонаи хеш,
Ки рӯз бар нисф буд ё андаке беш.
Ҳанӯз ҳам завҷааш зикри Худо дошт,
Дуову фотиҳа рӯ бар само дошт.
Аз ӯ пурсид ҳабибу ёри Аллоҳ,
Зи субҳ ту то кунун дар зикри подшоҳ?
Бале гуфт хонумаш он модари мо,
Биҷубонд каллааш тасдиқ бо имо.
Ҳабиб омӯхт бар завҷаш дуое,
Ки ҳамвазнаш набошад дар самое.
Ситоиш кун варо дар кулл покиш,
Сано гу ту Худоро бар бузургиш.
Бикун ҳамду ситоиш ту Худро,
Фаро орандаи арзу саморо.
Ба ёдат гир ту ай фарзанди инсон.
Ки Аллоҳ пок ҳаст аз кулли нуқсон.
Акбарҷони Эмомали
Судони Ҷанубӣ
2022

Дуо ҳамин аст.
"Субҳонналоҳи ъадада халқиҳи,
Субҳонналоҳи зинната ъаршиҳи,
Субҳонналоҳи ризоа нафсиҳи,
Субҳонналоҳи мидода калимотиҳи."
Тарҷума; Ситоиш мекунам Худоро ба теъдоди махлуқоташ.Ва ба андозаи хушнудии ӯ,Ва ба андозаи вазни ъарш,Ва ба андозаи ранги калимоте ки барои ситоиши Аллоҳ истифода шудааст.

Akbarjon Bulbulov
(C) All Rights Reserved. Poem Submitted on 08/04/2022

Poet's note: This poem is about prayer from our prophet Muhammad
The copyright of the poems published here are belong to their poets. Internetpoem.com is a non-profit poetry portal. All information in here has been published only for educational and informational purposes.