internetPoem.com Login

Гиря накун безеб мешай!

Akbarjon Bulbulov

Гиря накун безеб мешай!

Кӯдакон аҷиб хислатҳо доранд ва зудбоваранд. Духтарчаи хурдиам Ҳисорабону ҳамаги 5 сола аст вале бисёр зираку доно. Аз баски фарзанди охирон ё ба истилоҳ кенҷа ки ҳаст каме эркаги ҳам мекунад. Аслан чор фарзанд дорам духтари калонам Ҷавоҳира ки аллакай 18 сола шуд имсол мактабро хатм мекунад, дуюм духтарам Моҳирабону 16 сола сеюм фарзандам писар Акобир 14 сола ва хурди Ҳисора. Духтарон ки дар мактаб дар қисми субҳ ё саҳархон ки ҳастанд Ҳисора бо Модараш ва Акобир дар хона мемонанд то омадани онҳо. Аз сабабе ки бисёр вақташро бо Акобир дар хона мегзаронанд ва Акобир ҳам ки писари нарм ва ҳалим ҳаст бо ӯ зуд ҷӯр шуданд.
Даст додам оринҷамро гирифт.

Аз сабабе ки бисёр вақт онҳо якҷо ҳастанд , Ҳисора акаашро ҳамсоли худаш хаёл мекунад. Якруз хона будам ва китоберо мутолиа даштам. Акобир каме поёнтар дарсҳояшро таёр мекард, Ҳисора бошад филми тасвири тамошо дошт.Аз ошхона овози оилаам баромад, ки Ҳисора дар назди ҷевон як курта ҳаст ҳамонро пешаш барад мехоҳад онро бишуяд. Ҳисора бошад ба акааш гуфт эй бача намешунави очам чи гуфтест, Акобир хесту куртаро бурда дода омад. Боз каме дертар овоз омад, Ҳисорабону дар болои рахти хоби аппат як палатенса ҳастҳамонро ҳам биёр шӯям ҷони оча.
Ҳисора бошад ба акааш гуфт Акобир эй бача намешунави очам чи гуфестай. Акобир ҳам хесту палатенсаро бурда дод омад.
Ин дафъа гуфтам; Ҳисорабону чаро модарат туро мегуяду ту акаатро фармон медиҳи, охир мон дарсоша таёр кунад. Ота ма медонам ки ӯ дарс тайёр накардаистодааст, дар дафтараш сураткашидест баҳона карда шиштай, барои ҳами ма ура гуфтм каме табассум карда ҷавоб дод. Акааш ба ӯ як нигоҳе карду каллашро ҷунбонда, бо лабонаш чизе гуфта норозиёна.Ҳоло ист отам брава бад ма қавракои тра меканм ба фаҳми ман ҳаминро гуфт ё чизи дигар. Акнун Акобирҳам бояд қасдашро гирад охир сирри ӯро фош кард ку.
Соат ҳам 12 нисфирӯзи гузашта буд ки духтарон аз мактаб омаданд, модараш дастархонро омода мекард. Духтарҳо ҳам зуд либосҳояшонро иваз карданду ба модараш ёри медоданд барои хӯроки нисфирӯзи. Отаҷон биёен обед кунем гуфт Ҳисора. Сари дастархон шиштем, ҳамма банди хурокхури, овози Ҳисора баромад инҷики карда, оча Акобир мара ҳар гап гуфтест. Охи мо ҳамма ҳамича ҳиччит нагуфтааст овозаш набаромадай бачама.
Ман таги чашмам кати нигоҳҳо кардам, чизе гуфт мара, лабош ҷунбид, гуфт Ҳисора.
Бад ту аз куҷо медони ки туро гапи безеб гуфт ё хуб гуфта пурсидам. Аку ба хиёлтон ки ду бор аз сураткаши хезондагима фаромӯш кардааст. Хуллас дар вақти хӯрокхури 10 - 20 дақиқа чанд бор гиря кард.

(C) Akbarjon Bulbulov
08/04/2022


Best Poems of Akbarjon Bulbulov